«ГИРЕҲИ АФҒОНӢ». Андешаҳои коршиноси равобити байналмилалӣ Муҳаммадӣ Сафолзода оид ба иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба танзим даровардани буҳрони Афғонистон

Сентябрь 2, 2021 08:22

ДУШАНБЕ, 02.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мавзӯи қазияи кишвари дӯст ва бародари Афғонистон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Андешаҳои олими шарқшиноси тоҷик, коршиноси равобити байналмилалӣ Муҳаммадӣ САФОЛЗОДА доир ба ин мавзӯъ манзури хонандагон мегардад.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали барқарор гаштани Ҳукумати конститутсионӣ дар Тоҷикистон (ноябри соли 1992) Пешвои миллат ба масъалаи ҳамсоягии нек бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо ин кишвари дӯст дар Муроҷиатномаашон ба халқи Тоҷикистон ибрози назар карда буданд.

12 декабри соли 1992, ҳанӯз як моҳ ҳам аз рӯзи интихоб гардиданашон ба мансаби Сарвари давлати Тоҷикистон нагузашта буд ва дар он айём бо дарназардошти муҳимияти мавзуъ дар Муроҷиатнома зикр карда буданд: «…мо бо тамоми кишварҳои ҷаҳон робитаҳои мутақобилан судманд амалӣ менамоем, аз он ҷумла бо ҳамсояҳои наздики худ Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон ва дигар давлатҳои Осиё ва Африка, Аврупо ва Амрико».

Мавриди зикр аст, ки низои низомию сиёсии дар Афғонистон шиддатгирифта ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири бевосита мерасонид. Оид ба хатари таъсири ҷунбиши Толибон ба ҳудудҳои ҷанубии сарҳади муштараки Тоҷикистону Афғонистон, ки сарҳади Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ мебошад, 3 декабри соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар саммити Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Лиссабон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он ҷалб намуд, ки ҳудудҳои ҷанубии Тоҷикистон дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон на танҳо ба унвони сарҳади умумии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки ҳамчун дарвозаи ҷанубии минтақаи САҲА низ арзёбӣ карда мешавад: «…Фикр мекунам, ки ҳақ дорем бо истифодаи дипломатияи пешгиронаи нисбатан фаъол аз тарафи САҲА дар ин самт, бо ҷалби давлатҳои берун аз ҳудудҳои ҷанубии он ҷойгиршуда барои ҳамкорӣ умедвор шавем!

Бо нигаронии ҷиддӣ аз вазъияти мавҷудаи Афғонистон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки азму талоши худро дар самти ноил гардидан ба ризояти миллӣ ва сулҳ дар ин кишвари азияткашида тақвият бахшанд».

Ин афкори созандаро Сарвари давлати Тоҷикистон соли 2000 дар форуми Созмони Ҳамкории Шанхай дар робита ба он ки Тоҷикистон аз табдил ёфтани Афғонистон ба манбаи таҳдиду хатарҳои доимӣ ба амнияти на танҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар маҷмӯъ ба амнияти ҷаҳон нигаронӣ дорад, баён карда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханрониҳои худ аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда, онҳоро ба амалҳои фаъолона ва самаранок вобаста ба аз байн бурдани терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон даъват мекард. Ӯ дар ташаббусҳо ва пешниҳодҳои созандаи худ вазъияти мавҷударо таҳлил ва илман асоснок намуда, ҷанги дурударози шаҳрвандӣ дар Афғонистонро ҳамчун таҳдид ба сулҳу субот на танҳо дар ин кишвар ва кишварҳои ҳамсоя, балки ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ маънидод мекунад.

Дар баробари мушкилоти дохилии сиёсӣ ва мазҳабӣ, ки яке аз омилҳои идомаи низоъ дар ин кишвар ба шумор мераванд, табдил шудани Афғонистон ба бузургтарин маркази кишт, истеҳсол, фурӯш ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар дастгирии молиявӣ ва мусоидат ба терроризми байналмиллалӣ нақши муҳимро доро мебошад.

Вобаста ба ин, таҳлили ҳаматарафаи илмии иқдомҳо ва пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар онҳо ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои мухталифи ҳалли мушкилоти Афғонистон баён карда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳалли ин мушкилоти печида танҳо ба иродаи неки ҷомеаи бисёрмиллати халқҳои Афғонистон, ширкати фаъол ва самараноки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бевосита азму талоши кишварҳое, ки дар ин гӯшаи дунё манфиатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ доранд ва бархӯрдашон дар ояндаи наздик орӣ аз дурнамои умедворкунандаро кафолат дода наметавонад, вобаста мебошад.

Дар ташаббусҳои Сарвараи давлати Тоҷикистон зикр карда шудааст, ки вазъияти Афғонистон муддати дуру дароз аст, ки ноустувор ва хатарзо боқӣ мондааст. Кишвар ба манбаи ташаннуҷоти низомию сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил гардидааст, ки он ҳамзамон на танҳо ба яке аз сарчашмаҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, балки яке аз марказҳои бузурги қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон табдил гаштааст. Дар ин росто пешниҳод карда мешавад, ки таваҷҷуҳ ва амалкарди ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар якҷоягӣ бо мардуми ин кишвар, ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти мавҷуда ба таври муассир ва ҳадафмандона ба роҳ монда шавад.

Амалӣ гардидани ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи “гиреҳи афғонӣ”, чуноне, ки дар нишасти сатҳи олии ҳазорсолаҳо дар СММ 7 ноябри соли 2000 баён доштанд ва “…сохтани “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон метавонад барои ҳалли низои Афғонистон ва таъмини амният на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ барои тамоми ҷаҳон аҳамияти калон дошта бошад”.

Ин нуктаро низ бояд зикр кард, ки нишон додани моҳият ва аҳамияти ин ташаббусҳо, таҳқиқи таъсири онҳо ба зиндагии сатҳи байналмилалӣ ва танзими осоиштаи вазъи низоъ дар Афғонистон, муайян намудани манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо ва аз ҳама муҳим – дар назар доштани манфиатҳои миллии халқҳои Афғонистон ва раванди амалигардонии ин ташаббусҳо вазифаи хеле муҳим ба шумор меравад.

Муҳимияти таърихии ин ташаббусҳо ва пешниҳодҳои созанда вобаста ба он аст, ки сулҳу субот дар Тоҷикистон, махсусан дар солҳои аввали барқарорсозии ҳокимияти қонунӣ дар кишвар, дар аксари маврид куллан аз вазъи сулҳу субот дар Афғонистон вобастагӣ дошт.

Омили дигари муҳим дар ин самт умумияти таърихӣ ва фарҳангии халқҳои Тоҷикистону Афғонистон ба ҳисоб меравад. Сулҳу суботи устувор дар Афғонистон метавонад ҷиҳати рушди босуръат ва вусъати табодули фарҳангии байни ҷонибҳо хидмат намояд.

Бояд зикр намуд, ки ин ташаббусҳо, аз як тараф ифодаи эҳсоси баланди ҳамсоягии нек, бародарӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистон бо халқҳои кишвари дӯст ва бародари Афғонистон ба ҳисоб рафта, аз сӯи дигар, маҳз амалӣ гардидани ин иқдомҳо метавонад таъмингари амнияти воқеӣ барои ин кишвар ва кишварҳои ҳамсоя – ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб раванд.

Омили муҳими таъминкунандаи сулҳи сартосарӣ ва амният дар Афғонистон масъалаи барқарорсозӣ ва эҳёи ваҳдат ва ягонагии ҷомеаи Афғонистон ба унвони заминаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад. Мутаассифона, манзараи воқеӣ аз вайрон гаштани ин заминаҳо дар Афғонистон шаҳодат медиҳад, ки онҳо дар натиҷаи ҷангҳои дуру дарози дохилӣ ва низоъҳои низомӣ хароб гаштаанд ва марокази ин низоъҳо нуқсҳои тамаддуни замони муосирро, новобаста аз он ки вай қочоқи маводи мухаддири сатҳи ҷаҳонӣ аст, ё терроризми байналмилалӣ ғизо ва неру мебахшанд.

Дар баробари вусъати шиддати вазъият дар Афғонистон ин ҳолат на танҳо ба амнияти Тоҷикистон, — ба сифати “минтақаи буферӣ” таъсир дорад, балки ба амнияти тамоми ҷаҳон таҳдид менамояд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳо ва пешниҳодҳои созандаи худ, ҳамчунин дар суханрониҳо ва паёмҳояшон, аз ҷумла дар иҷлосияи 52 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи октябри соли 1997 бо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин самти на камтар муҳими рушд ва вусъати низои Афғонистон ишора мекунад.

Дар робита ба ин, бо назардошти афзоиши натиҷаҳои мусбати будубоши Эътилофи байналмиллалӣ (ISAF) дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ин кишвар ва муҳимияти иҷрои уҳдадориҳои фарогире, ки онҳо дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифтаанд, ёдоварӣ мегардад, ки се сангбинои асосӣ: таъмини амният, трансформатсияи сиёсӣ ва барқарорсозии иқтисодиёт нақши ҳалкунанда мебозанд.

Ин се санги асос дар ин муддат дар Афғонистон ба дараҷаи лозимӣ таъмин нагардид, ки гувоҳи баръалои он ноустувории низомию сиёсии идомаёбанда ба шумор рафта, дар дурнамо ба харобшавии тадриҷии иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд. Болоравии сатҳи иқтисодиёти Афғонистон дар навбати аввал сулҳу суботи устувор ва фарогирро дар ҷомеаи сермиллати кишвар тақозо менамояд.

Дар чунин вазъият, замоне, ки дар мавриди мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Афғонистон сухан меравад, бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳамеша тарафдори доимии тамоми ташаббусҳо ва иқдомоти созандае мебошад, ки ҳадаф аз онҳо бо овардани сулҳу суботи устувор барқарорсозии ҳарчи зудтари иқтисодиёти баъдазҷангии ин кишвар мебошад.

Далели қотеъ ва мантиқии ин нукта суханрониҳо дар нишастҳои сатҳи олии байналмилалии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Тавре ки борҳо аз суханрониҳояшон бармеояд, ҳаққи муайян намудани ояндаи Афғонистон ва тақдири ин кишварро танҳо мардуми он ба дӯш доранд.

Таҳлилҳои илмии иқдомот ва ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари онанд, ки диди васеи мутафаккирона ва фарогири Пешвои миллат таъкид менамояд, ки бе сулҳ ва суботи пойдори кишвари дӯст ва бародари Афғонистон на танҳо сулҳу суботи устувори Тоҷикистон, балки тамоми мамолики минтақаи Осиёи Марказиро тасаввур кардан мумкин нест.

Таҳлил ва омӯзиши асноди мансуб ба аввали солҳои 90-уми асри ХХ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон роҳу усулҳо ва робитаҳои комилан нави танзими ҳамзистии мусолиматомезро дар кишваре меҷӯяд, ки дар ҳолати ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ қарор дорад ва ҳамзамон ба таври фаъол ва босамар қадамҳои устуворро дар раванди барқарорсозии муносибатҳои мутақобилан судманд бо Афғонистони ҳамсоя мегузорад, ки дар он ҷо мухолифатҳои низомию сиёсӣ, байниқавмию мазҳабӣ дар авҷ мебошанд.

Ҷойи зикр аст, ки дар паёмҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун раҳнамо ва муайянкунандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ҳамеша ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад, ки мабнӣ бар он, Тоҷикистон аз тамоми имконияти мавҷуда ҷиҳати мусоидат ба барқарории сулҳ ва субот дар ин кишвар истифода менамояд.

Дар робита ба ин, суханрониҳои Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сатҳи олии сарони давлатҳо, кишварҳои узви СММ, СКИ, СҲИ, СҲШ, ки дар онҳо таваҷҷуҳ ба афзоиши ташаннуҷ дар Афғонистон ва кишт, парвариш, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии он ҷалб карда мешавад, аз аҳамияти хосса бархӯрдор мебошад. Ҷойи зикри хос аст, ки дар ин росто ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии муассир хоҳиш менамояд, ки оид ба ин мавзуъ бетараф набошанд ва дар баробари кишти хашхос, ҷогузини онро ба кишоварзони Афғонистон пешниҳод намоянд.

Паёмҳои Сарвари давлати Тоҷикистон моҳиятан барои платформаи сиёсие хидмат мекунанд, ки тавассути он ба ҷаҳониён дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи нақшаҳо ва стратегияҳо оид ба мустаҳкам намудани сулҳу суботи сартосарӣ дар тамоми минтақа ва ҷаҳон сухан меравад.

Дар ин росто агар ба суҳбатҳои матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар онҳо масъалаи Афғонистон инъикос ёфтаанд, назар афканем, бузургӣ ва арзишмандандии онҳо дар он зоҳир мегардад, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳаётан муҳими на танҳо сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар партави ҳодисоти дар Афғонистон ба вуқӯъ пайваста менигаранд, балки пайомадҳои ногувори бисёре аз он мушкилотро пешгӯӣ кардаанд.

Дар робита ба ин, нуқтаи назарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳдиду хатарҳои терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, хеле қабл аз вуқӯи ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 борҳо баён гаштаанд.

Баъди ин ҳодиса, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи аввалин роҳбарони сатҳи олӣ буданд, ки пайвастани кишварашро ба Эътилофи байналмилалии мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон эълон намуданд. Бар илова, бо дарназардошти хатти марзи якҷоя бо Афғонистон, ки тӯли он ба 1444 км баробар аст, ба хотири ин муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ имконоти долонҳои заминӣ ва ҳавоии мамлакатро дар ихтиёри онҳо гузоштанд.

Чуноне, ки дар боло ишора рафт, дар паёмҳои ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат низ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи Афғонистон ва роҳҳою усулҳои нави бархӯрд бо ин мушкилот баён карда шудаанд.

Чунончӣ, дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000 ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст: «Яке аз масъалаҳои доғе, ки нигаронии моро ба бор овардааст, ҳалли қазияи Афғонистон мебошад…

Дар Конгресси даҳуми СММ дар суханронии худ зикр карда будам, ки қазияи Афғонистон қазияи на танҳо қитъаи Осиё, балки мушкили Аврупо низ мебошад. Бори дигар қайд менамоям, ки ин масъаларо бо роҳи ҳарбӣ ҳал намудан имконнопазир аст. Мо тарафдори ҳалли осоиштаи ин масъала мебошем. Ба ақидаи мо, ба раҳоӣ аз буҳрон сохтани ҳукумати эътилофӣ бо дарназардошти манфиатҳои тамоми халқҳо ва неруҳои сиёсии Афғонистон мусоидат карда метавонад».

Таҳлили ҳузури чаҳордаҳсолаи Эътилофи байналмилалии мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон аз он мегӯяд, ки онҳо масъалаҳои зиёдеро барои ҷомеаи ин кишвар ҳал карданд, аммо боз ҳам миқдори бештари мушкилоти ҳалнашуда боқӣ мемонад, ки умдатарини он ҳузур ва бештар гардидани таъсири ҷунбиши толибон бо даъвоҳои сиёсии онҳо дар харитаи сиёсии ин мамлакат аз ҷумлаи онҳост.

Ташаббусҳо ва пешниҳодҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли чунин масъалаи муҳим ба мисли “буҳрони идомаёбандаи Афғонистон” ва таъмини сулҳу суботи устувор на танҳо дар ин кишвар, балки дар тамоми минтақа аҳаммияти хосро доро мебошад.

Чи тавре ки гузашти айём нишон медиҳад, ин масъалаҳо минбаъд низ ҳамчун монеаи асосӣ на танҳо дар кушодани “гиреҳи афғонӣ”, инчунин дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир боқӣ мемонанд. Нуктаи муҳими ин мулоҳизаҳо масъалаи мубориза бо терроризми байналмиллалӣ мебошад, ки бо мурури замон ин падида на танҳо дар Афғонистон, минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар минтақаи Шарқи Наздику Миёна, инчунин дар дигар нуқтаҳои сайёра зарурати худро ҳифз менамояд.

Ҳамзамон ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба танзими мушкилоти Афғонистон, ки дар ҷараёни нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбург ҳамчун “Чоргонаи Душанбе” садо дода буданд, бетаъхир, роҳҳои амалӣ гаштани худро пайдо менамоянд ва 30 июли соли 2009 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе Президенти Россия Дмитрий Медведев, Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва Президенти Покистон Осиф Зардорӣ ҷиҳати мулоқот ва баррасии масъалаҳои мавриди назари мутақобилан судманд ташриф меоваранд.

Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки таҳқиқоти фарогири саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар масири ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои дастрасӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, бори дигар собит месозанд, ки ҳатто ҳузури бистсолаи Эътилофи байналмилалии мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ натиҷаҳои интизор ва дилхоҳ ба бор наовард ва тарзи низомии ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон вуҷуд надорад. Барои истиқрори сулҳу суботи пойдор, бояд намояндагии хеле васеъ ва фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати танзими ин қазия ҷалб гардида, кӯшишу талоши дастҷамъона ба харҷ диҳанд.

Барқарорсозии баъдазҷангии иқтисодиёти Афғинистон дар давраи сипаригашта натавонист суботро дар соҳаҳои мавриди назар таъмин намояд. Ба ҳамин хотир, тақозо мегардад, ки дар ин росто ҷалби ҳадди аксари ҳамкорӣ бо муҳтавои башарӣ (гуманитарӣ) сурат гирад, зеро дар муддати тӯлонии солҳои ҷанг чунин омилҳое, ба мисли бекорӣ, муфлисӣ, қашшоқӣ, бесаводӣ, ришватхӯрӣ заминаҳои устувореро барои ҷалб намудани ин қишрҳои ҷомеа ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ муҳайё месозанд ва ин ҳолат вазъиятро дар мамлакат боз ҳам ноустувортар мегардонад.

Чуноне ки аз таърихи омӯзиши масъала бармеояд, ташаббусҳои созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки сарҳади давлатии мушатараки байни Тоҷикистону Афғонистон бояд сарҳади дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошад, на сарҳади мухолифатҳо.

Барои ҳифозати самараноки сарҳади аз ҳама тӯлонии тоҷику афғон (бо тӯли 1444 км, ки ҳамзамон сарҳади хориҷии ИДМ ва САҲА низ мебошад) зарур аст, ки корҳо дар самти амалӣ намудани тарҳҳо, ки ба таҳким ва навсозии сарҳадот равона карда шудаанд, дар ин марҳалаи бештар гаштани таҳдиду хатарҳо аз Афғонистон ва хуруҷи Неруҳои эътилофи байналмилалии мубориза бо терроризми байналмилалӣ боз ҳам фаъолтар ва босамар карда шаванд.

Ҳамкории энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва инфрасохторӣ бо Афғонистон ба сифати самтҳои афзалиятноки ҳамкории фарогир ва бо аҳамияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон, ба усул ва бархӯрди босамар ниёз доранд ва дар ин росто ниҳоди сиёсати хориҷии кишварро лозим меояд, ки фаъолтар ва ҳадафмандонатар амал намояд.

Робитаҳои тиҷоратӣ-иқисодӣ ба ҳайси соҳаи афзалиятнок ба навсозӣ ва азнавбинӣ зарурат доранд, зеро нақши транзитӣ-коммуникатсионӣ ва имконоти Тоҷикистону Афғонистон барои кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷануби Шарқӣ ниҳоят бузург аст.

Ташаббусҳо ва пешниҳодҳои амалишудаи созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими мушкилоти Афғонистон на танҳо барои баланд гаштани имиҷи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуданд, балки онҳо ҷиҳати боз ҳам тавсеа ва таҳким ёфтани ҳамкории мутақобилан судманд бо мамлакатҳои дӯст мусоидат менамоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2021 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат