«Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд

Сентябрь 22, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри  Душанбе бори сеюм дар мавсими имсолаи чемпионати мамлакат дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро мағлуб намуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин навбат дастаи футболи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 1:0 дастболо шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 79-ум пас аз партофти Далер Имомназаров Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонид. Дар даври ояндаи мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар сафар бо дастаи футболи   «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан  сабқат  анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ 26 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мегардад. Вохӯрии дигари даври 20-уми Лигаи олӣ байни дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳияи   Восеъ  ва «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ки дар ин рақобати ҷолиб  дастаи   «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд бо бартарии 1:0 зафар ёфт. Тӯби ягонаи бозиро Дилшод Бозоров ба нишон расонид.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ

Даври 20-ум

«Истиқлол» — «Хатлон»- 1:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 79

«Файзканд» – «Хуҷанд» – 0:1

Гол: Дилшод Бозоров, 59.

Имрӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат се  бозии дигари  даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ-  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо КМВА-и шаҳри Душанбе, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан   баргузор  мешаванд.

                                                  АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад