Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории минбаъда Ёддошти тафоҳуми давравӣ ба тасвиб расониданд

Сентябрь 27, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон  оид ба ҳамкорӣ миёни иттифоқҳои касабаи ҳарду давлат Ёддошти тафоҳуми давравӣ ба тасвиб расониданд, ки санади  мазкур барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба мусоидат хоҳад кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани Изҳороти муштараки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими  дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ, ба роҳ мондани  ҳамкории дуҷониба, рушди робитаҳои мустақим ва табодули таҷрибаи иттифоқҳои касаба аз 9 марти соли 2018 ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари ин ниҳод Маликшо Неъматзода бо даъвати  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон 24-26 сентябри имсол ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафар  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Қудратилла Рафиқов, роҳбарони иттифоқҳои касабаи соҳавӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Маликшо Неъматзода иштирокчиёни ҳамоиш ва кулли аъзои Иттифоқҳои касабаи Узбекистонро ба муносибати 30 -солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Узбекистон табрик гуфта, ба ҳозирин оид ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои ин даврони давлатсозии миллии кишварамон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот пешниҳод намуд.

Дар доираи сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти кории Иттифоқҳои касабаи Узбекистон шинос шуда, аз Технопарки шаҳри Тошканд, ки 16 корхонаи истеҳсолиро дар бар мегирад, дидан намуд.

Ҳамзамон зимни сафар ҳайати Тоҷикистон бо нишони  эҳтирому поси хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи ғалабаи шаҳри Тошканд ба пояи Муҷассамаи модар гулчанбар гузошт.

Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқоти расмӣ бо роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуд.

АКС: ФИКМТ

Сентябрь 27, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад