Масъалаи бунёди хати роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар масири Панҷакент-Самарқанд баррасӣ шуд

Сентябрь 15, 2021 13:40

 ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Панҷакент масъалаи бунёди хати роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Узбекистон дар масири Панҷакент-Самарқанд баррасӣ гардид, ки дар он масъулин ва собиқадорони соҳа  иштирок намуданд, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар».

Собиқадорони соҳа аз рӯи таҷрибаи корӣ аз мавҷуд будани ҳуҷҷатгузориҳо барои сохтмони роҳи оҳани Самарқанд-Панҷакент, ҷудо гардидани замин барои бунёди пойгоҳи роҳи оҳан дар ҳудуди ноҳияи Ҷомбойи Ҷумҳурии Узбекистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар масъалаҳо сухан карда, ҷиҳати тезонидани кор дар ин самт ба мутахассисон пешниҳодҳо манзур намуданд.

Ҳоло аз ҳарду ҷониб гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ҳуҷҷатгузорӣ ҷиҳати омода намудани лоиҳаи роҳи оҳан идома дорад.

Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент низ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ҷиҳати ҳарчӣ зудтар омода намудани лоиҳаи роҳи оҳан тадбирҳои судманд андешида истодааст.

Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли 2021 зимни мулоқоти муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Узбекистон Абдусамат Мӯъминов лоиҳаи сохтани қитъаи роҳи оҳани «Панҷакент (Тоҷикистон) — истгоҳи Булунгур/истгоҳи Ҷамбай/истгоҳи Фабрика (Узбекистон)» муҳокима гардид.

                                                 АКС: аз МИҲД шаҳри Панҷакент

Сентябрь 15, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид