Музаффар Ҳусейнзода ва Лорд Тариқ Аҳмад Уимблдонӣ вобаста ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лорд Тариқ Аҳмад Уимблдонӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар самтҳои мухталиф, мушорикат дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иқдомҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин тадорукот ба Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим COP26, ки моҳи ноябри 2021 дар Глазгои Британияи Кабир баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо вобаста ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори омодагӣ карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






