«НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид

Сентябрь 28, 2021 16:48

 ДУШАНБЕ, 28.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонистанд, ки ба дили ҳазорон ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшанд, бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик неруву тавони дубора бахшиданд. Ин нуктаро имрӯз зимни конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ» ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода изҳор дошт.

Дар қисмати ифтитоҳии конференсия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ Абдухалил Ғафурзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода, доктори илмҳои сиёсӣ, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Абдулмаҷид Достиев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, судяи Суди Конститутсионии ҶТ Ҷамшед Ҷамшедзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода, инчунин олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

А. Ғафурзода зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ бо буҳрони шадид рӯ ба рӯ гардид. Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудани миллат ба миён омада буд. Дар чунин лаҳзаи душвор сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд.

«Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонистанд, ки ба дили ҳазорон ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшанд ва бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик неруву тавони дубора бахшиданд», — илова намуд А. Абдуғаффорзода.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода зимни суханронӣ доир ба нақши Истиқлолият ибрози назар намуда, гуфт, чи тавре ки Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд: «Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад».

Ӯ илова намуд, ки вақте дар бораи давлат ва давлатдорӣ сухан меронем, ҳамеша таъкидҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллат дар бораи шукрона аз ин давлату ватани азизу маҳбуб кардан ба ёд меоянд. «Чунон ки медонед, имрӯз дар ҷаҳон 67 миллат ва халқиятҳои дунё, аз ҷумла 40 миллион курдҳо, 12 миллион тибетиҳо, 14 миллион фаластиниҳо, 9 миллион баскиҳо, 14 миллион шомиҳо, 24 миллион сикхҳо ва 18 миллион бесарабиҳо давлат надоранд», — гуфт М. Панҷшанбезода.

Доктори илмҳои сиёсӣ Абдумаҷид Достиев зикр кард, ки мардони бузурги таърих сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд. Сарвари кишвари мо чун абармардони дунёи ҳикмату сиёсат амал намуда, инсонгарию раиятпарвариро дар фаъолияти хеш нишон дод. Кору амали ӯ як мактаби бузурги ҷавонмардӣ, таҳаммулгароӣ, далерӣ, ватандорӣ мебошад. «Бо итминони комил метавон гуфт, ки бо чунин хислату хӯй дар таърихи халқи тоҷик номи ин абармарди миллат бо некӣ абадӣ хоҳад монд. Вуҷуди чунин абармардон дар таърихи ҳар қавму миллат боиси ифтихори он халқ аст. Муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ҳақиқат яке аз нафарони намоёнтарини таърихи тоҷикон мебошанд. Агарчанде дар роҳи ташаккули давлатдории навин мушкилиҳои зиёде пеш омада буданд, аммо ин марди бузурги таърих тавонист чун сиёсатмадори хирадманду фурӯтан онро бо як усули беназир эҳё намояд. Симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори аслии сулҳ ва меъмори давлати навини тоҷикон дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёр сиёсатмадорону коршиносони байналмилалӣ баҳои арзандаю мувофиқ гирифтааст», — тазаккур дод . А. Достиев.

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Сентябрь 28, 2021 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст