Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 сентябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти хоссаи роҳбарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар аст.
Дар натиҷаи мулоқот имзои Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши равобити дуҷониба ва бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.
АКС аз ir.tgstat.com








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






