Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Қазоқистон Нурлан Нигматуллин мулоқот намуданд

Сентябрь 24, 2021 10:21

ДУШАНБЕ, 24.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурлан Нигматуллин мулоқот намуданд.

Дар оғози мулоқот робитаҳои байнипарламентӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои тоҷикистониву қазоқистонӣ арзёбӣ гардида, зикр карда шуд, ки он дар натиҷаи саъю талоши муштараки ҷонибҳо ба таври мунтазам рушду тавсеа меёбад.

Зикр гардид, ки муколамаи мунтазаму самимии Сарони давлатҳо ба тақвияти рушди муносибатҳои ду кишвари дорои фарҳангу арзишҳои маънавии умумӣ ва анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ ва афзудани эҳтироми байниҳамдигарӣ мусоидат намуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷумҳурии Қазоқистонро яке аз шарикони калидии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории шарикӣ бо Қазоқистон дар самтҳои гуногун таваҷҷуҳи калон дорад. Дар ин самт ба муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва иҷтимоиву башардӯстӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вазъи мураккаби сиёсиву низомии Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштанд, ки ин ҳолати дар давлати ҳамсоя бавуҷудомада ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ дорад ва сафарбарии талошҳои муштаракро баҳри барқарор намудани сулҳи устувор дар сарзамини Афғонистон тақозо менамояд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунии ҷаҳон ва рӯйдодҳои минтақавӣ зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар бахши мудофиа ва амният зикр гардида, ҳалли қазияи афғонӣ аз омилҳои асосии таъмини амнияти минтақавӣ ҳисобида шуд.

АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Сентябрь 24, 2021 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд