Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири ИМА дар робита ба суханони Ҷо Байден ёддошти эътирозӣ супурд

Сентябрь 14, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид. Ба Сафири ИМА оид ба суханони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания ёддошти эътирозӣ супорида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ёддошт омадааст, ки чунин суханҳо ба рӯҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошанд.

Инчунин  зикр шудааст, ки ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар рӯҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.

Мавриди ёдоварист, ки Президенти ИМА Ҷо Байден 11 сентябри соли равон ҳангоми боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания аз амалҳои худ дар мавриди хуруҷи неруҳо аз Афғонистон дифоъ карда, яке аз лаҳзаҳои фоҷианокро, ки афғонҳо зимни кӯшиши тарки кишвар ба фюзеляж (танаи самолёт) ва чархҳои ҳавопаймоҳои дар ҳоли парвоз мечаспиданд ва аз баландӣ афтода, ҳалок шуданд, зикр намуд.

Байден изҳор дошт, ки вазъият бо одамоне, ки ба фюзеляжҳои ҳавопаймоҳои низомӣ-нақлиётии Амрико часпиданд, дар сурати тахлияи ҷонибдорони ИМА аз Тоҷикистон метавонист такрор шавад.

«Ба касе фаҳмондан душвор аст, ки ба таври дигар чӣ гуна метавон тарк кард. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва ҳавопаймои C-130 (ҳавопаймои низомӣ-нақлиётӣ) оварда, мегуфтем, ки мо ба ҳамаи онҳое, ки ҷонибдори моянд, иҷоза медиҳем ба ҳавопаймо савор шаванд, шумо одамонро дар чарҳо овезон медидед», — гуфт аз ҷумла, Президенти ИМА.

  АКС: Sputnik/ thepavlovictoday.com

Сентябрь 14, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд