Аз 1 то 10 ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътил мебароянд

Октябрь 25, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 25.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.

Мавриди зикр аст, ки таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин барои хонандагон рӯйхати китобҳое тавсия мешавад, ки дар таътили тирамоҳӣ онҳоро бояд мутолиа намоянд.

Ҳамчунин дар давраи таътили тирамоҳӣ даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона гузаронида мешавад. Барои иштирок намудан дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ он моҳи ноябр миёни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Аз ин рӯ хонандагон дар ин давра ба олимпиада омодагӣ мебинанд.

Инчунин дар давраи таътили тирамоҳӣ хонандагон ба даври ниҳоии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» омодагӣ мебинанд. Озмуни мазкур бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҷиҳати амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав равона гардидааст, ки дар он хонандагони макотиби ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Дар баробари ин хонандагон ба даври ниҳоии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» омодагии ҷиддӣ дида, донишу маҳорати худро сайқал медиҳанд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.

Бояд тазаккур дод, ки аз 25  сентябри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016» ба тасвиб расида, тибқи он ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 тасдиқ шудааст, тағйирот ворид карда шуд.

Тибқи тағйироти роҳандозишуда, соли таҳсил 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои якум 35 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим гардид.

Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 1 июн идома меёбад.

Инчунин таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад.

Бояд зикр намуд, ки  таътили тирамоҳию баҳорӣ  дар Тоҷикистон тахминан даҳ сол пеш барҳам дода шуда, бино ба сабаби сардиҳои моҳи январ ба ҷои онҳо    танҳо истироҳати зимистонаи якмоҳа — аз 1 то 31 январ   ҷорӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли равон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар маросими ифтитоҳи Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд, ки соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад.

Ба таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдоиши бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин мавқеи географӣ, обу ҳавои мамлакат, ҳолати равонии кӯдакон, имконияти вақту соатҳои дарсӣ ва барномаву стандартҳои таълимӣ бояд дар доираи ислоҳоти соҳа ба ин масъала нигоҳи нав ва воқеӣ дошта бошем.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОЗИБАИ ПЕШВО». Дар Қоҳира дар бораи Президенти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
126 довталаб аз Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Дар Душанбе нахустин маротиба Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир гардид
Дар Душанбе Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад
Олимони Институти астрофизикаи Тоҷикистон дар машварати ҷаҳонии COSPAR -2024 иштирок доранд
Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз ёфт
Ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад
Байни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид
Имрӯз ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
Дар Хуҷанд консерти устодони санъати шаҳри Шимкент баргузор гардид
РӮДАКӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН, АБАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН. Гузоштани нимпайкараи ин фарзандони барӯманди ду халқ нишони дӯстии қадимии тоҷику қазоқ аст