Ба Қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» тағйиру иловаҳо ворид мегарданд
ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» баррасӣ гардид, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумазода, Фирӯза Муъминова ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашурзода пешниҳод гардидааст.
Зимни баррасии ин масъала раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳа мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани норасоиву носаҳеҳияти меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда, мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани баъзе муносибатҳое, ки дар қонуни амалкунанда пешбинӣ нашудаанд, мебошад.
Дар лоиҳаи қонун ба моддаи 1 сархати панҷум илова гардида, он шарҳи сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо, ки дар матни қонун ҷой дорад, муайян намуда, ба қисми 2 моддаи 3 пас аз калимаи «содиркунандагон» калимаи «воридкунандагон» бояд илова карда шавад, дар ин рабт доираи субъектоне, ки нисбат ба онҳо қонун татбиқ мегардад, васеъ карда шудааст.
Дар сархати дуюми моддаи 4 ва матни Қонун бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ» калимаҳои «(ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ)» ба калимаҳои «(санадҳои меъёрии техникӣ)» иваз карда шудаанд, зеро ғанигардонии маҳсулоти хўрокворӣ на танҳо тавассути қонуни амалкунанда, балки санадҳои меъёрии техникӣ, яъне регламентҳои техникӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад.
Бо илова ба моддаи 8 татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он ба доираи ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ мансуб дониста шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 5 ва 13 -и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб наменамояд.
ДАР АКС: вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода. Акс аз МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






