Бахшида ба Рӯзи Фалак дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Фалак, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 10 октябр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён барномаи фарҳангӣ-ҳунарӣ баргузор гардид, иттилоъ додан аз донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар».
Муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Махсудзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аҳамияти таҷлили Рӯзи Фалакро шарҳ дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар назди кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) — и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахши фалаксароӣ роҳандозӣ гардида, омӯзгорон ба донишҷӯён нозукиҳои фалаксароиро меомӯзонанд. Ҳамзамон, дар донишкада анасамбли «Фалак» фаъолият менамояд, ки дар он зиёда аз 30 нафар донишҷӯ дарси маҳорати фалаксароиро ёд мегиранд.
Зикр гардид, ки фалак имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст. Чуноне ки Пешвои миллат иброз доштанд: «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем. Мо, ворисони ин ганҷи бебаҳои маънавии ниёгон, бояд онро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳангӣ ҳифз намуда, баҳри рушду нумӯи он пайваста саъю талош намоем».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ, шамолӣ ва шимолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон бо номҳои фарёд, фироқӣ, чорпорӣ, кала фарёд машҳур аст. Аз ин тақсимоти фалак аз рӯи моҳият ва мавқеи иҷро маълум мешавад, ки агар фалак дар Эрон аз рӯи моҳияти аслӣ, хусусиятҳои фардӣ ва маҳаллу тарзи иҷро ба намудҳо ҷудо шавад, пас фалаки Тоҷикистон танҳо аз рӯи маҳалли иҷро табақабандӣ шудааст.
Барномаи фарҳангӣ –ҳунарӣ бо ҳунарнамоии шогирдон ва устоди ин жанр анҷом пазируфт.
АКСҲО аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода










Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






