Барои корхонаҳои партовкашонии Душанбе 460 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ дастрас шуданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои пойтахт 460 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ, аз ҷумла нақлиёти партовкашонӣ харидорӣ намудааст. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо харидории беш аз 400 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ фаъолияти корхонаҳои партовкашонӣ дар пойтахт тавсеа ёфта, сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳ ва ҳолати санитарию экологӣ хубтар мегардад.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар самти истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо дар якҷоягӣ бо нозирони шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ нисбат ба 798 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор санади маъмурӣ тартиб додааст.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1707 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мавҷуд буда, ҳар рӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» ба ҳисоби миёна 650-750 тонна партов бароварда мешавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






