Далер Назаров дар Тошканд консерти яккахонӣ барпо мекунад
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик Далер Назаров 20 ноябр дар Қасри дӯстии халқҳои Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон консерти яккахонӣ баргузор менамояд, хабар медиҳад сомонаи Afisha.uz.
Ба иттилои Sputnik, шоми фарҳангӣ сараввал бояд 17 октябр баргузор мешуд, аммо ба далели маҳдудияте, ки дар пайи густариши пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда буд, он барои як моҳ мавқуф гузошта шуд.
Ташкилкунандагон тавзеҳ медиҳанд, ки ҳамаи чиптаҳои қаблан харидашуда дар санаи нав эътибор доранд.
Нархи билет аз 80 то 650 ҳазор сӯм (7,5-60 доллар) аст. Созмондиҳандагон огоҳ мекунанд, ки консерт бо риояи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ баргузор мешавад.
Далер Назар консертҳои худро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Олмон, Фаронса, Афғонистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка ва дигар кишварҳо баргузор намудааст.
АКС аз бойгонӣ








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






