Дар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тағйир меёбад
ДУШАНБЕ, 15.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 6 октябри соли равон ва муроҷиати корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва ширкату ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ тибқи фармоиши Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» аз 10 ноябри соли равон ҳамчун сохтори ваколатдори соҳа ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо 1 сомонию 80 дирам ва тариқи кортҳои яксафара 2 сомонию 50 дирам, троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1 сомонию 50 дирам ва тариқи кортҳои яксафара 2 сомонӣ, микроавтобусҳо 2 сомонию 50 дирам ва барои интиқоли як мусофир-километр тавассути воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) 3 сомонӣ муқаррар гардидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар иттилоияи Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» мақсад аз баланд намудани тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва дар ин замина муътадил гардонидани вазъи молиявии корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ арзёбӣ гардидааст.
Ба иттилои Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» маротибаи охир ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе соли 2011 дар автобусҳо барои як мусофир 1,20 дирам, троллейбус 0,70 дирам ва микроавтобус 1,60 дирам муқаррар гардида, давоми 10 сол роҳкирои хатсайрҳои автобусӣ ва микроавтобусӣ бетағйир монд. Танҳо дар хатсайрҳои троллейбусӣ давоми 10 сол як маротиба баландшавии ҳаққи роҳкиро аз 0,70 дирам то 1,00 сомонӣ амалӣ гардид.
Дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110 фоиз, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110 фоиз, қувваи барқ 300 фоиз, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷоти худро рӯйпӯш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст. Ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам тайи солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имконияти ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд, вале басанда набуда, зарурати тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст.
Давоми 3 соли охир парки корхонаҳои коммуналии нақлиётии шаҳри Душанбе бо харидории автобусу троллейбусҳои муосир пурра навсозӣ гардида, дар заминаи ин ивазкунии баъзе хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба хатсайрҳои автобусию троллейбусӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми мусофиркашонӣ дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тариқи нақлиёти калонҳаҷм (автобус-троллейбус) 65,2 фоиз, мусофиргардиш 55,9 фоиз ва ин нишондиҳанда дар ҷамъиятҳои нақлиётӣ (микроавтобус) мутаносибан 34,8 фоиз ва ё 44,1 фоизро ташкил медиҳад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад






