Дар Душанбе Анҷумани VI омӯзгорон ва мураббиёни кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27-30 октябр дар Душанбе Анҷумани VI омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад. Мавзӯи анҷуман — «Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил манбаи стратегии рушди устувори он аст» мебошад. Дар он омӯзгорон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия ва Узбекистон масъалаҳои рушди низоми таҳсил дар кишварҳои узви ИДМ баррасӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар доираи анҷуман гузаронидани ҷамъомадҳои пленарӣ, ҷаласаҳои мавзӯӣ, муҳокимаҳои панелӣ ва мизҳои мудаввар дар назар дошта шуда, дар он вакилони анҷуман дар бораи принсипҳои ҳамкорӣ дар такмили сифати таҳсилоти мактабӣ, рушди мобилии академикӣ ва вобаста ба пешравиҳо дар соҳаи технологияҳои инноватсионӣ мубодилаи афкор менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи анҷуман Фестивали 1 -уми байналмилалии маҳорати педагогӣ баргузор мегардад. Дар охири фестивал дипломҳо дар се номина тақдим карда мешаванд: «Муаллим», «Омӯзгор», «Равоншинос/педагоги иҷтимоӣ».
Мукофоти дигаре, ки дар доираи анҷуман дода мешавад, муаррифии нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мебошад. Он ба беҳтарин омӯзгорон ва кормандони кишварҳои узви ИДМ дода мешавад.
Марҳилаи ниҳоии анҷуман қабули қатъномае хоҳад буд, ки соҳаҳо ва усулҳои ҳамкориро инъикос ва стратегияю абзорҳои ояндадори рушди маорифро дар ИДМ муайян мекунад.
Ташаббускорони анҷуман Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (IFES) мебошанд.
Акс аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






