Дар Хоруғ доир ба сайёҳии ҷамоавӣ чун самти афзалиятноки рушд дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Октябрь 21, 2021 08:46

ХОРУҒ, 21.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони “Сайёҳии ҷамоавӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар кишвар” ҳамоиш-машварат баргузор карданд, ки дар он намояндагони шуъбаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбаладону тарҷумонҳои ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода гуфт, ки “сайёҳӣ яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад ба шумор рафта, баъзе давлатҳои ҷаҳон аз ҳисоби он маблағҳои буҷети давлатиро ғанӣ месозанд. Табиати зебову афсункор ва иқлими фараҳафзои Тоҷикистон гӯё маҳз барои гардишгарӣ офарида шуда бошанд. Аммо барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ба кишвар мутахассисони варзидаи ин соҳа заруранд. Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат низ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таъкид доштанд, ки “бо мақсади рақобатпазир гардондани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем”.

Дар ВМКБ дар масъалаи мутахассисони самти тарҷумонию роҳбаладӣ, меҳмонхонаву марказҳои хизматрасонӣ ягон  мушкилӣ вуҷуд надорад. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 39 меҳмонхонаи хурду бузург ва 169 хомстейҳо фаъолият доранд.

Муовини раиси вилоят аз роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ даъват намуд, ки ба масъалаи тарғибу ташвиқи маконҳои таърихӣ, қалъаҳои бостонӣ, чашмаҳои шифобахш ва амсоли инҳо аз тариқи воситаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода нақши соҳаи сайёҳиро дар инкишофи иқтисоди ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки дар манотиқи мухталифи кишвар  зиёда аз 25 ҳазор иншоот сохта шудаанд, ки 7 ҳазори он маҳз ба соҳаи сайёҳӣ робита дорад.

Дар баробари бахши давлатӣ дар рушди ин соҳа бахши хусусӣ низ саҳми арзишманд гузошта метавонад. Сайёҳии ҷамоавӣ як намуди сайёҳиест, ки дар он сокинони маҳаллӣ бо бунёди меҳмонхонаҳои хурд, дӯкону мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои дастӣ,  нигораҳо ва армуғонҳои миллӣ нақши муассир мегузоранд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 21, 2021 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд