Дар Конибодом сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 ҷараён дорад

Октябрь 26, 2021 09:32

ДУШАНБЕ 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави таълимӣ барои 480 нафар дар як баст сохта шуда, дар он барои хонандагон шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда хоҳад шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

23 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 шаҳр шинос гардида, ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва ташкили маҳфилҳои гуногун супоришҳо дод.

Дар шаҳр 55 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди мактабҳои нав ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар доираи корҳои ободонии марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ, азнавбарқароркунии муассисаҳои таълимии садамавӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ ва ошхонаҳо барои хонандагон корҳо ба иҷро расонида шуданд.

Ҷиҳати бартараф кардани муассисаҳои садамавӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят дар МТМУ №7 бунёди бинои нави таълимӣ барои 480 нафар дар як баст ва дар МТМУ №52 барои 240 нафар корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.

Ҳамчунин  сохтмони бинои нави таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №48 барои 240 нафар, дар МТМУ №32 бунёди 8 синфхона, дар МТМУ №13   5 синфхонаи иловагӣ бо ташаббуси кумитаи падару модарон ва соҳибкорони маҳаллӣ ҷараён дошта, иншооти мазкур соли равон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо сокинон ва соҳибкорони саховатпеша дар якчанд  муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, дар МТМУ №15  бунёди бинои нави таълимӣ барои 330 нафар хонанда дар як баст, МТМУ №21 барои 480 хонанда дар як баст, дар кӯдакистони №10  барои 120 кӯдак оғоз карда шуда, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ҳамаи иншоот вазъи таълиму тарбия дар мамлакат  боз ҳам беҳтар мешавад.

АКС: МИҲД-и вилояти Суғд

Октябрь 26, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд