Дар Маҷлиси намояндагон дастурамали санаддорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр бо ташаббуси дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешвози Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад, дар мавзӯи «Дастурамали санаддорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад котиби матбуоти Парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Ба иштирокчиёни ҳамоиш сардори раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Ҷалол Камолов ва мудири бахши назорати раёсати мазкур Диловар Холов роҷеъ ба «Омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хизматӣ, тартиби омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ташкилӣ ва амрдиҳӣ, талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои тавассути таҷҳизоти компютерӣ омодашуда, тартиби таҳия ва ба расмият даровардани протокол, тартиби таҳияи додан ва ба расмият даровардани фармон (фармоиш), тартиби таҳия ва барасмиятдарории маълумотнома ва гузориш, тартиби таҳия ва ба расмият даровардани санад ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маълумоти мукаммал манзур намуданд.

АКСҲО: МН МО ҶТ








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






