Дар Маҷлиси намояндагон дастурамали санаддорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Октябрь 29, 2021 08:55

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  28 октябр бо ташаббуси дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешвози Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад, дар мавзӯи «Дастурамали санаддорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад котиби матбуоти Парлумони мамлакат  Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».    

Ба иштирокчиёни ҳамоиш сардори раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Ҷалол Камолов ва мудири бахши назорати раёсати мазкур Диловар Холов роҷеъ ба «Омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хизматӣ, тартиби омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ташкилӣ ва амрдиҳӣ, талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои тавассути таҷҳизоти компютерӣ омодашуда,  тартиби таҳия ва ба расмият даровардани протокол, тартиби таҳияи додан ва ба расмият даровардани фармон (фармоиш), тартиби таҳия ва барасмиятдарории маълумотнома ва гузориш, тартиби таҳия ва ба расмият даровардани санад ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маълумоти мукаммал манзур намуданд.

АКСҲО: МН МО ҶТ

Октябрь 29, 2021 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад