Дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» ба даври финалии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 роҳхат ёфтанд
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври нимфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 хеле ҷолиб баргузор шуданд, ки дар натиҷа иштирокчиёни ин давр маълум гардиданд, иттилоъ дод шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе дар ду бозии даври нимфинал бар дастаи «Пойтахт» пирӯз шуд — дар бозии аввал, ки 2 октябр доир гардид, бо ҳисоби 7:2 ва 9 октябр дар бозии дуюм бо ҳисоби калони 10:2 дастболо гардид. Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд низ дар ду бозӣ дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо шикаст дод – дар бозии аввал 2 октябр бо ҳисоби 5:3 ва дар бозии дуюм 10 октябр бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд.
Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст дастаҳои футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Душанбе барои ба даст овардани медалҳои тиллои Лигаи футзали Тоҷикистон байни ҳам бозӣ мекунанд. Финал аз силсилаи бозиҳо то се ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст. Мавриди зикр аст, ки ду дастаи шаҳри Душанбе – «Истиқлол» ва «Пойтахт» барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд. Дастаҳо барои медалҳои биринҷӣ як бозӣ анҷом медиҳанд.
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






