«ДУШАНБЕИ АФСОНАВӢ». «Шумон тур» хатсайри нави сайёҳӣ ба роҳ монд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми ширкати сайёҳии «Шумон тур» барои хонандагони мактаби хусусии «Нури ирфон»-и шаҳри Ҳисор тавассути хатсайри «Душанбеи афсонавӣ» саёҳати таърихию фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.
Хатсайри сайёҳии «Душанбеи афсонавӣ» дар ҳамкорӣ бо бахшҳои маориф, ҷавонон ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таъсис дода шуда, ҳадафаш муаррифии мавзеъҳои таърихию бостонӣ ва фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ба мактаббачагон мебошад.
Тавассути хатсайри «Душанбеи афсонавӣ» 16 октябр хонандагон ба шаҳри Душанбе омада, аз таъриху ташаккули давлатдории тоҷикон, бахусус дирӯзу имрӯзи пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе огоҳӣ пайдо намуданд. Хонандагон муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ, рамзҳои асосии давлатдорӣ -Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз»-ро, ки яке аз шоҳкориҳои нотакрори фарҳанги тоҷикон аст, тамошо намуданд. Хонандагон зимни боздид аз «Осорхонаи миллӣ» бо таърихи қадима ва муосири халқамон шинос гардиданд. Дар маҷмӯъ хонандагон дар доираи хатсайри сайёҳии «Душанбеи афсонавӣ» доир ба таърихи гузашта ва муосири пойтахт, рушду пешрафт ва шукуфоии он ҳамчун шаҳри амну дӯстӣ, сулҳ ва фарҳангӣ маълумоти бештар гирифтанд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири ширкати «Шумон тур» Бахтовар Аминзода иттилоъ дод, хатсайри сайёҳии «Душанбеи афсонавӣ» дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаву олии кишвар ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат ба роҳ монда шудааст.
Ширкати сайёҳии «Шумон тур», ки дар шаҳри Ҳисор таъсис дода шудааст, моҳи августи соли равон вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардид, ки рисолаш рушди туризми дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ, аграрӣ ва экологӣ мебошад.
АКСҲО: ширкати сайёҳии «Шумон тур» ва манбаъҳои боз











Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд






