«ДУШАНБЕИ АФСОНАВӢ». «Шумон тур» хатсайри нави сайёҳӣ ба роҳ монд

Октябрь 18, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми ширкати сайёҳии «Шумон тур»  барои хонандагони мактаби хусусии «Нури ирфон»-и шаҳри Ҳисор тавассути хатсайри «Душанбеи афсонавӣ» саёҳати таърихию фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.

Хатсайри сайёҳии «Душанбеи афсонавӣ» дар ҳамкорӣ бо бахшҳои маориф, ҷавонон ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таъсис дода шуда,  ҳадафаш муаррифии мавзеъҳои таърихию бостонӣ ва фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе  ба мактаббачагон мебошад.

Тавассути хатсайри «Душанбеи афсонавӣ»  16 октябр хонандагон ба шаҳри Душанбе омада, аз таъриху ташаккули давлатдории тоҷикон, бахусус дирӯзу имрӯзи  пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе огоҳӣ пайдо намуданд. Хонандагон муҷассамаи асосгузори  нахустин  давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ, рамзҳои асосии давлатдорӣ -Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз»-ро, ки яке аз шоҳкориҳои нотакрори  фарҳанги тоҷикон аст, тамошо намуданд. Хонандагон зимни боздид аз «Осорхонаи миллӣ» бо таърихи қадима ва муосири халқамон шинос гардиданд. Дар маҷмӯъ хонандагон дар доираи хатсайри сайёҳии «Душанбеи афсонавӣ» доир ба таърихи гузашта ва муосири пойтахт, рушду пешрафт ва шукуфоии он ҳамчун шаҳри амну дӯстӣ, сулҳ ва фарҳангӣ маълумоти бештар гирифтанд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  мудири  ширкати «Шумон тур» Бахтовар Аминзода иттилоъ дод, хатсайри сайёҳии «Душанбеи афсонавӣ» дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаву олии кишвар ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Ширкати сайёҳии «Шумон тур», ки дар шаҳри Ҳисор таъсис дода шудааст, моҳи августи соли равон вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардид, ки рисолаш рушди туризми дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ, аграрӣ ва экологӣ мебошад.

 АКСҲО:  ширкати сайёҳии «Шумон тур» ва манбаъҳои боз

Октябрь 18, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 100 корманди меҳмонхонаҳои Душанбе малакаю таҷрибаашонро такмил медиҳанд
Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд