Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин гардид

Октябрь 12, 2021 14:18

КӮЛОБ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир ба Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳматулло Раҳмонзода» таҷҳизоти муосири соҳавӣ ворид гардида, биноҳои он аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, хабар дод директори коллеҷ Зубайдулло Азиззода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки барои омода сохтани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир ба коллеҷ омӯзгорони беҳтарин ҷалб карда шуда, бо муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб баҳри гузаронидани таҷрибаомӯзӣ шартнома баста шуд. Сохтмони бинои баландошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯёни коллеҷ идома дошта, баъди ба истифода супоридани он мушкилоти донишҷӯён дар ин самт бартараф мегардад.

Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳматулло Раҳмонзода» яке аз муассисаҳои бонуфуз дар минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар он садҳо нафар мутахассисони соҳибтаҷриба омода ва ба муассисаҳои тиббӣ сафарбар карда мешаванд. Имсол низ тариқи Маркази миллии тестӣ довталабон ба муассисаи мазкур дохил шуданд.

Директори коллеҷ Зубайдулло Азиззода эълон доштааст, ки донишҷӯёне, ки ба таври аъло мехонанд ва интизоми намунавӣ доранд,  баъди санҷиш бо идрорпулии иловагӣ таъмин мегарданд.

АКСҲО аз  Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

Октябрь 12, 2021 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд