Комил Боймуродов дар Мусобиқаи байналмилалии ҷиу-ҷитсу миёни дорандагони камарбанди сиёҳ унвони чемпиониро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Комил Боймуродов дар мусобиқаи байналмилалии ҷиу-ҷитсу миёни дорандагони камарбанди сиёҳ мақоми аввалро касб карда, унвони чемпиони «New Breed Expert Champions Champion 2021»-ро соҳиб шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон.
Варзишгар тасвири пирӯзияшро аз тариқи саҳифаи худ дар «Instagram» нашр кард, ки дар он Комил Боймуродов дар саҳна Парчами давлатии Тоҷикистон ва камарбанди қаҳрамониро баланд мебардорад. Ин мусобиқа дар Майами баргузор шуд. Варзишгари тоҷик дар вазни 77 кило бар ҳама рақибонаш пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки Комил Боймуродов зиёда аз даҳ сол ба ин намуди варзиш машғул буда, дар чемпионати Осиё ва ҷаҳон бо намояндагӣ аз кишвар рақобат мекунад. Илова бар ин ӯ ба тарбияи шогирдон низ машғул аст, ки баъзеи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба натиҷаҳои бузург ноил шудаанд.
Комил Боймуродов дар 14-солагӣ ба гӯштин оғоз карда, аввал ба бокс ва кикбоксинг машғул шуда, сипас ба гӯштини озод гузашта, худро дар ҷудо ва самбои размӣ низ санҷидааст.








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






