Кумакҳои башардӯстонаи Беларус дар ҳаҷми 40 тонна ба Тоҷикистон расиданд
ДУШАНБЕ, 25.10.2021 / АМИТ «Ховар» /. Беларус ба Тоҷикистон дар шакли электрогенераторҳо, хаймаҳо, маводи ғизоӣ ва дорувориҳо кумак расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маросими расмии супоридани 40 тонна бору маҳсулот 25 октябр бо ҳамоҳангии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Беларус доир гардид.
Бори башардӯстонаро ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Беларус бо сарварии ҷонишини вазир, генерал-майори хизмати дохилӣ Александр Худолеев ба Душанбе расонид.
Ҳайати Беларусро дар фурудгоҳи «Айнӣ» муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Сулаймон Исозода пешвоз гирифта, ба ҷониби Беларус барои кумак ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Зикр шуд, ки ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Беларус дар самти пешгирӣ ва рафъи пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода баланд арзёбӣ мешавад.

АКСҲО : КҲФ ва МГ ҶТ








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






