Маҳмадтоир Зокирзода бо раисони кумитаҳо ва комиссияҳо оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД мулоқот намуд

Октябрь 22, 2021 16:33

ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати Маҷлиси ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД, ки дар ҷумҳурии мо бо сафари корӣ қарор доранд, мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки  калиди муваффақияти ин ҳама комёбиҳо мавҷудияти иродаи қавӣ ва қатъии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи муҳими авзоро дар Афғонистон таҳлил карда, иброз намуданд, ки «мутаассифона, он чи ки дар Афғонистон рух медиҳад, хатари лағжиш ба вазъиятро афзун мекунад, ки ин кишвар метавонад дубора ба майдони терроризми байналмилалӣ табдил ёбад.

Ҷанг дар Афғонистон зиёда аз чилу панҷ  сол идома дорад ва он чизе ки ҳоло дар ин кишвар рух дода истодааст, айби мардуми афғон нест, балки оқибатҳои бозиҳои бузурги геополитикист.  Ман аз ҳама шарикон даъват мекунам, ки дар атрофи Афғонистон дар роҳи густариши эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ба минтақаҳои СҲШ ва СААД камарбанди боэътимоди амниятӣ эҷод кунанд.

Раванди рӯйдодҳои ҷорӣ ва хатари баланди сенарияи фалокатбор зарурати дастгирии кишварҳоеро, ки бевосита бо Афғонистон ҳамсарҳаданд, тасдиқ мекунанд».

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки   иштироки шумо ҳамчун нозир дар машқҳои муштараки Неруҳои дастҷамъии вокуниши сареъи СААД- “Ҳамкорӣ-2021” намунаи равшани мониторинги парлумонии вазъи низомӣ-сиёсии минтақа мебошад, ки барои таъмини амнияти ҳарбии кишварҳои узви Созмон нигаронида шудааст.

Ҳадафи аслии тамринҳо нишон додани омодагии неруҳои СААД барои вокуниш ба таҳдидҳои нав ба нави амниятӣ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Бинобар рушди номусоиди рӯйдодҳо, вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилоти асосии амният дар минтақа табдил ёфтааст. Мусаллам аст, ки вазъи ин кишвар бевосита ба амнияти Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Афзоиши минбаъдаи ташаннуҷ дар Афғонистон метавонад боиси мушкилоти нав дар минтақаи масъулияти СААД гардад.

Ҷаласаи ахири Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Душанбе, инчунин ҷаласаи муштараки сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва СААД оид ба Афғонистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба рушди ташвишовари рӯйдодҳои Афғонистон ҷалб намуд.

Машқҳои кунунии Неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СААД «Ҳамкорӣ-2021» дар вазъияти душвори ҷаҳон ҷараён доранд, ки равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ-сиёсӣ афзоиш меёбанд.

Иштирокчиёни мулоқот махсус таъкид намуданд, ки  рушди ҳамкории бисёрҷониба бо кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мулоқот раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод иштирок намуданд.

АКС: МН МО ҶТ

Октябрь 22, 2021 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид