ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад

Март 21, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд. Ин иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим марҳалаи нав фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки дар чорчӯби Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон масъалаҳои ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баррасӣ карда мешаванд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян, ки моҳи июни соли 2025 бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, иброз намуд, ки «Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои сатҳи олӣ, ки ҳамасола моҳи сентябр бо иштироки ҳайатҳои баландпояи кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Ню-Йорк баргузор мешаванд, қобили муқоиса мебошад». Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду Даҳсолаи байналмилалии амал — «Об барои ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор»-ро фароҳам оварданд. Ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, «таҷрибаҳои қаблӣ исбот карданд, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд».

«Моро лозим аст, ки дид ва муносибати худро нисбат ба муҳимтарин манбаи ҳаёт, яъне захираҳои об тағйир дода, мудирияти онро низ ба шакли нави самаранок ва бо усулҳои навоварона ба роҳ монем»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ буда, захираҳои об барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар нақши муаасир дорад. Айни замон, захираҳои об дар кишвар манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% – и барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешаванд.

Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсоли тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим дорад, истифода мешавад.

Захираҳои об дар мамлакат, ҳамчунин, дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳмгузор аст. Рушди минбаъдаи соҳаи гдроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд. Аз ин номгуй муҳимияти бештарро соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ касб менамоянд, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти кишварро бо шуғл таъмин менамояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 21, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои рушди зеҳнии хонандагон чӣ имконият фароҳам меоранд?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН — НАМУНА БАРОИ ҶАҲОНИЁН. Мулоҳизаҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин мавзуъ
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»