Марҳилаи интихобӣ барои Олимпиадаи Париж-2024 моҳи июни соли 2022 оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 24.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) принсипҳои системаи интихобиро барои Олимпиадаи Париж-2024 тасдиқ кард, ки қоидаҳои системаи интихобиро, ки акнун аз ҷониби федератсияҳои байналмилалии варзишӣ таҳия мешаванд, шарҳ медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳар як федератсияи байналмилалӣ қоидаҳои интихобии варзиши худро тибқи қоидаи 40-уми Хартияи олимпӣ муқаррар мекунад, ки дар он тартиб ва меъёрҳои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд. Интихоби ҳар як варзишгар пас аз пешниҳоди кумитаи миллии олимпӣ бо тавсияи федератсияи миллии дахлдор мавриди интихоби ниҳоӣ қарор мегирад.
Системаҳои интихобии федератсияҳои байналмилалӣ бояд ба принсипҳои интихобии олимпӣ, ки аз ҷониби КБО нашр шуд, мувофиқ бошанд.
Санад якчанд принсипҳоро дарбар мегирад, ки имкон медиҳанд шароитҳои одилона ва баробар барои ҳама варзишгарон ва дастаҳо дастрас бошанд ва арзишҳои бунёдӣ, ба монанди ҷаҳонӣ будан, баробарии гендерӣ ва набудани табъиз, ҳамзамон таъмини иштироки беҳтарин варзишгарони ҷаҳон дар Бозиҳои Олимпӣ риоя шаванд.
Принсипҳо барои таҳияи системаи интихобии инфиродӣ барои ҳар як намуди варзиш/сабқат дар барномаи Париж-2024 замина фароҳам меорад. Системаҳои инфиродӣ меъёрҳои дақиқи интихоб ва мутобиқати варзишгарон ва дастаҳоро муайян мекунанд ва пас аз тасдиқи Шӯрои иҷроияи КБО дар аввали соли 2022 нашр карда мешаванд. Марҳилаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз моҳи июни соли 2022 оғоз хоҳад шуд.
Дар тамоми намудҳои варзиш системаҳои интихобӣ иштироки ҳамаи 206 КМО-ро бо ҳадди ақал як мард ва як зан дар ҳайати худ дар Париж-2024 таъмин мекунанд.
Бинобар ин, ҳар як системаи интихобӣ бояд ҷадвали тахассусиро дарбар гирад, бо дарназардошти он ки ҳеҷ давраи интихобӣ барои ягон намуди варзиш/сабқат аз 24 моҳ зиёд буда наметавонад ва ҳамаи мусобиқаҳои интихобӣ бояд на дертар аз 23 июни 2024 ба анҷом расанд.
Баробарии гендерӣ ва иштироки ҷавонон дар маркази барномаи варзишии олимпии Париж-2024 қарор дорад ва иштироки варзишгарон тақрибан 50% мардону занонро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд






