Миссияи нозирони ИДМ: Интихоботи президентӣ дар Узбекистон демократӣ ва шаффоф гузашт
ДУШАНБЕ, 25.10.2021 / АМИТ «Ховар» /. Мо ба хулосае омадем, ки интихобот дар Узбекистон ошкоро, демократӣ ва шаффоф баргузор шуд, — гуфт муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон, Ҳамоҳангсози гурӯҳи мониторинг аз АБ ИДМ Маҳмадалӣ Ватанзода имрӯз зимни нишасти матбуотии миссияи нозирони Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар он натиҷаҳои мониторинги байналмилалии маъракаи интихобот ҷамъбаст карда шуд, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Ҳамоҳангсози гурӯҳи мониторинг аз АБ ИДМ Маҳмадалӣ Ватанзода иброз намуд, ки дар ҷараёни мониторинги дарозмуддат қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ таҳлил карда шуд — коршиносон ба хулосае омаданд, ки он ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Маҳмадалӣ Ватанзода сатҳи баланди омодагии раисон ва аъзои комиссияҳои интихоботро шарҳ дода, иброз намуд, ки «онҳо ба ҳама саволҳои мо фавран ҷавоб доданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Комиссияи марказии интихобот дар ин самт кори бузурге кардааст»
Мавсуф ҳамзамон иброздошт, ки омодагӣ ба интихобот ба таври муташаккилона ва дар сатҳи баланд сурат гирифт.
Ҳамоҳангсоз аҳамияти мусбати тағйиротеро, ки ба қонунгузории интихоботи Узбекистон «мувофиқи замон ва тавсияҳои нозирони байналмилалӣ» ворид шудааст, зикр кард. Ӯ инчунин таваҷҷуҳро ба навовариҳое ҷалб кард, ки интихоботро боз ҳам ошкоро ва демократӣ кардаанд. Дар байни онҳо таъсиси рӯйхати ягонаи электронии овоздиҳандагон хеле мусбат арзёбӣ гардид.
Дар чорабинии сиёсӣ роҳбари ҳайати нозирони ИДМ, раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, муовини аввали раиси МН МО ҶТ Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири кулли Шӯрои АБ ИДМ Дмитрий Кобитский, вакилон ва намояндагони комиссияҳои марказии интихоботии кишварҳои ИДМ иштирок доштанд.
Нозирон ба таҷҳизоти техникӣ, дастгирии иттилоотии интихобот, инчунин инъикоси васеи маъракаи интихобот дар ВАО баҳои баланд доданд.
Сергей Лебедев таъкид кард, ки барои ҳайати нозирони ИДМ тамоми имконоту шароит фароҳам оварда шудааст: «Ҳама дарҳо ба рӯи мо боз буданд, мо ҳама маълумоти заруриро гирифтем»,- изҳор дошт ӯ.
Иштироки панҷ номзад дар интихобот аз рақобатпазирии интихоботи президентии Узбекистон шаҳодат медиҳад, хулоса карданд нозирони ИДМ. Дар баробари ин маърака оромона гузашт. «Мо набудани «пиари сиёҳ» ва рақобатпазирии солимро қайд мекунем», — таъкид кард роҳбари намояндагии ИДМ.
Нозирон ба хулосае омаданд, ки маъракаи интихоботӣ дар Узбекистон ҳуқуқи шаҳрвандони Узбекистонро барои озодии иродаи худ таъмин кардааст. Интихобот комилан мувофики конунгузории ҷумҳурӣ ва мувофики принсипҳои аз тарафи умум эътирофшудаи демократӣ гузашт.
Сергей Лебедев ба расонаҳо хабар дод, ки хулосаи нозирони байналмилалӣ пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихоботи Президентии Узбекистон нашр хоҳад шуд.
Ба гуфтаи нозирони АБ ИДМ, барои ҳамаи номзадҳо дар интихоботи президентии Узбекистон ҳам аз ҷиҳати маблағгузорӣ ва ҳам аз ҷиҳати фароҳам овардани имконот барои пешбурди маъракаи пешазинтихоботӣ ва дигар масъалаҳо шароити баробар фароҳам оварда шудааст.
АКС: МН МО ҶТ








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд






