Миссияи нозирони ИДМ: Интихоботи президентӣ дар Узбекистон демократӣ ва шаффоф гузашт

Октябрь 25, 2021 15:30

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 / АМИТ «Ховар» /. Мо ба хулосае омадем, ки интихобот дар Узбекистон ошкоро, демократӣ ва шаффоф баргузор шуд, — гуфт муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон, Ҳамоҳангсози гурӯҳи мониторинг аз АБ ИДМ Маҳмадалӣ Ватанзода имрӯз зимни нишасти матбуотии миссияи нозирони Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар он натиҷаҳои мониторинги байналмилалии маъракаи интихобот ҷамъбаст карда шуд, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Ҳамоҳангсози гурӯҳи мониторинг аз АБ ИДМ Маҳмадалӣ Ватанзода иброз намуд, ки дар ҷараёни мониторинги дарозмуддат қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ таҳлил карда шуд — коршиносон ба хулосае омаданд, ки он ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Маҳмадалӣ Ватанзода сатҳи баланди омодагии раисон ва аъзои комиссияҳои интихоботро шарҳ дода, иброз намуд, ки «онҳо ба ҳама саволҳои мо фавран ҷавоб доданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Комиссияи марказии интихобот дар ин самт кори бузурге кардааст»

Мавсуф ҳамзамон иброздошт, ки омодагӣ ба интихобот ба таври муташаккилона ва дар сатҳи баланд сурат гирифт.

Ҳамоҳангсоз аҳамияти мусбати тағйиротеро, ки ба қонунгузории интихоботи Узбекистон «мувофиқи замон ва тавсияҳои нозирони байналмилалӣ» ворид шудааст, зикр кард. Ӯ инчунин таваҷҷуҳро ба навовариҳое ҷалб кард, ки интихоботро боз ҳам ошкоро ва демократӣ кардаанд. Дар байни онҳо таъсиси рӯйхати ягонаи электронии овоздиҳандагон хеле мусбат арзёбӣ гардид.

Дар чорабинии сиёсӣ роҳбари ҳайати нозирони ИДМ, раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, муовини аввали раиси МН МО ҶТ Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири кулли Шӯрои АБ  ИДМ Дмитрий Кобитский, вакилон ва намояндагони комиссияҳои марказии интихоботии кишварҳои ИДМ иштирок доштанд.

Нозирон ба таҷҳизоти техникӣ, дастгирии иттилоотии интихобот, инчунин инъикоси васеи маъракаи интихобот дар ВАО баҳои баланд доданд.

Сергей Лебедев таъкид кард, ки барои ҳайати нозирони ИДМ тамоми имконоту шароит фароҳам оварда шудааст: «Ҳама дарҳо ба рӯи мо боз буданд, мо ҳама маълумоти заруриро гирифтем»,- изҳор дошт ӯ.

Иштироки панҷ номзад дар интихобот аз рақобатпазирии интихоботи президентии Узбекистон шаҳодат медиҳад, хулоса карданд нозирони ИДМ.  Дар баробари ин маърака оромона гузашт. «Мо набудани «пиари сиёҳ» ва рақобатпазирии солимро қайд мекунем», — таъкид кард роҳбари намояндагии ИДМ.

Нозирон ба хулосае омаданд, ки маъракаи интихоботӣ дар Узбекистон ҳуқуқи шаҳрвандони Узбекистонро барои озодии иродаи худ таъмин кардааст. Интихобот комилан мувофики конунгузории ҷумҳурӣ ва мувофики принсипҳои аз тарафи умум эътирофшудаи демократӣ гузашт.

Сергей Лебедев ба расонаҳо хабар дод, ки хулосаи нозирони байналмилалӣ пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихоботи Президентии Узбекистон нашр хоҳад шуд.

Ба гуфтаи нозирони АБ ИДМ, барои ҳамаи номзадҳо дар интихоботи президентии Узбекистон ҳам аз ҷиҳати маблағгузорӣ ва ҳам аз ҷиҳати фароҳам овардани имконот барои пешбурди маъракаи пешазинтихоботӣ ва дигар масъалаҳо шароити баробар фароҳам оварда шудааст.

АКС: МН МО ҶТ

Октябрь 25, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбул иштирок намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид