Нозирони байналмиллалии АБ ИДМ бо роҳбарони як қатор кумитаҳои палатаи поёнии Узбекистон мулоқот намуданд

Октябрь 23, 2021 12:27

ДУШАНБЕ, 23.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии нозирони байналмиллалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо роҳбарони як қатор кумитаҳои палатаи поёнии Узбекистон баргузор гардид, иттилоъ дод котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот ҷонибҳо рафти маъракаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президентии Ҷумҳурии  Узбекистон, инчунин ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар доираи АБ  ИДМ-ро баррасӣ карданд.

Раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ Дилором Файзиева нозирони байналмилалиро хайра мақдам гуфта, аҳамияти мушоҳидаҳои байналмилалиро барои рушди демократия, риояи ҳуқуқу озодиҳои интихоботии шаҳрвандони кишвар зикр намуда, ба нозирон барои иштирокашон дар интихобот изҳори сипос намуд.

«Ташрифи Шумо таваҷҷуҳи вакилони парлумони АБ ИДМ-ро ба равандҳои пешрафтае, ки дар кишвари мо ба амал меоянд, тасдиқ мекунад»,-гуфт роҳбари кумита ва изҳори боварӣ кард, ки ҷаласаи имрӯза ба рушди ҳамкории байнипарлумонӣ оид ба доираи васеи масъалаҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳамчунин раисони кумита оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Эркин Салихов, кумита оид ба рушди инноватсионӣ, сиёсати иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ Илҳом Абдуллоев, кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва варзиш Эркин Захидов, кумитаи оид ба буҷет ва ислоҳоти иқтисодӣ Шарофуддин Назаров  иброз намуданд, ки нақши муттаҳидкунандаи Ассамблеяи Байнипарламентӣ муҳим аст. Вакилон боварӣ  доранд, ки иштирок дар мушоҳида дастгирии фаъол аст.  Муҳим аст, ки иқтидори Институти махсуси байналмилалии мониторинги рушди демократия истифода шуда, таҷрибаи бузурги гурӯҳҳои мониторингии АБ  ИДМ дар фазои Иттиҳод ба назар гирифта шавад.

Вакилони порлумон ба фаъолияти Ассамблея дар соҳаи қонунсозии намунавӣ, аз ҷумла танзими равандҳои интихобот баҳои баланд доданд. Ин таҷриба, таъкид  карда шуд дар ҷаласа, дар омодасозии Кодекси нави интихоботи Узбекистон истифода шуд, ки бар асоси он интихоботи ҷорӣ баргузор мешавад.

Ҳамоҳангсози гурӯҳ Маҳмадалӣ Ватанзода вакилони палатаи қонунгузориро бо гузориши таҳлилӣ оид ба мониторинги дарозмуддати интихоботи Президентии Ҷумҳурии Узбекистон, ки аз ҷониби гурӯҳи экспертии Институти байналмилалии мониторинги интихобот гузаронида шудааст, шинос намуд. Ба гуфтаи коршиносон, қонунгузории интихоботи Ҷумҳурии Узбекистон ба меъёрҳои байналмилалии интихоботи демократӣ мувофиқат мекунад.

Роҳбари гурӯҳи назоратӣ ба роҳбарони кумитаҳо дар бораи чӣ гуна ташкил шудани гурӯҳ, чӣ гуна гузаронидани мониторинги дарозмуддат, инчунин дар бораи нақшаҳои кори нозирон дар рӯзи интихобот маълумот дод. «Мо нақша дорем, ки тамоми марҳилаҳоро бо мушоҳида фаро гирем — аз ифтитоҳи қитъаҳои интихоботӣ то ҳисобкунии овозҳо», — гуфт роҳбари гурӯҳи мониторингӣ.

Дмитрий Кобитский, дабири кулли Шӯрои АБ  ИДМ, дар бораи он ки чӣ гуна мушоҳидаҳо дар интихоботи президентии Узбакистон дар дигар кишварҳо гузаронида мешаванд, нақл кард. Дабири кулл вакилони палатаи қонунгузорро ба ҷаласаи тирамоҳии АБ ИДМ,  ки рӯзҳои 25-26 ноябр баргузор мешавад, даъват кард.

Дар вохӯрӣ намояндаи доимии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБ  ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок дошт.

Инчунин, дар доираи мониторинги кӯтоҳмуддати интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ таҳти раёсати ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини якуми Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Раиси Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Узбекистон Зайниддин Низомхоҷаев мулоқот намуданд.

Зайниддин Низомхочаев ба нозирон аз фаъолияти комиссия дар давраи пешазинтихоботй маълумот дод. Вай қайд кард, ки омодагӣ ба интихобот аз аввали сол ҷараён дорад – маъмурият таҷрибаи баргузории интихоботи парлумонии соли 2019, аз ҷумла тавсияҳои нозирони байнулмилалиро омӯхтааст.

Маҳмадалӣ Ватанзода ба раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ оид ба натиҷаҳои мониторинги дарозмуддати маъракаи кунунии интихоботӣ маълумот дода, ба ӯ нусхаи ҳисоботи гурӯҳи экспертии назорати дарозмуддати омодагӣ ва баргузории интихоботи президентии ҷумҳуриро супорид.

Дар мулоқот дигар масъалаҳои таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКСҲО: МНМО ҶТ

Октябрь 23, 2021 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин