ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад

Октябрь 4, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда  ммешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9  ва  рӯзона 18+23  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона  7+12  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10  ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабр ва тағйирёбанда  бебориш  пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13  ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10  ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона  17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона  8+10  ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 4, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад