ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст

Октябрь 22, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯйии  Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон бориши борон дар ҷумҳурӣ  то 22 октябр идома меёбад. Дар вилоятҳои  Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ  борон борида, дар қаторкӯҳҳо  бориши борон  ва баъдан ба барфи тар гузаштани он дар назар аст.  Дар ин рӯз пастшавии ҳарорати ҳаво  пешгӯӣ шуда, дар вилояти Хатлон  ҳарорат аз 23+28 дараҷа  ба 12+17 дараҷа  мерасад.  Дар қаторкӯҳҳо ҳаво  3+8 дараҷа гарм мешавад.

22 октябр  дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ борону барф меборад. Дар баъзе ҳолатҳо бориши шиддатнок дар назар дошта шудааст.  Шиддати шамол дар вилояти Суғд пешгӯӣ шуда, то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 7 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

22 октябр дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво номусоид шуда, дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши борон ва барфи шиддатнок дар назар аст. Дар водиҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар охири рӯз пастшавии ҳаво дар назар буда,  то 0-5 дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон ва барфи бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Охири рӯз сардшавии ҳаво дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда,  борон меборад. Ҳаво шабона 4+6  ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

23 октябр дар ҷумҳурӣ борон қатъ гардида, ҳаво тағйирёбандаи камабр мешавад. То 25 октябр ҳаво тағйирёбандаи бебориш  шуда, гарм мешавад.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад