ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зеристгоҳҳои барқии 35/10 кВ таъмири ҷорӣ ва 13 адад трансформаторҳо иваз шуданд

Октябрь 26, 2021 14:01

ВАРЗОБ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022  аз 38 банд иборат мебошад, ки то имрӯз 24 банди он пурра иҷро гардида, 14 банди дигар дар ҷараёни иҷро қарор дорад. Аз ҷумла, то имрӯз дар 15 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зеристгоҳҳои барқии 35/10 кВ таъмири ҷорӣ гардида, 13 адад трансформаторҳои иқтидорашон паст бо трансформаторҳои иқтидорашон баланд иваз шудаанд, ба равғани трансформаторҳои қудратию иқтидорашон паст дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мувофиқи меъёри муайяншуда равған илова карда шуд, ки миқдори он  зиёда аз даҳ ҳазор литр мебошад. Дар ин бора роҳбари техникии филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  Хуршед Умаров  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

 Кормандони филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои таъмини сокинон бо барқи хушсифат дар фасли зимистон  дар ин рӯзҳо ба таъмири трансформаторҳо ва санҷиши хатҳои барқу тоза намудани онҳо аз навдаҳои дарахтон сафарбар гардида, кӯшиш доранд дар фасли зимистон ягон мушкилӣ сабаби бебарқӣ нагардад. Айни замон шароити кормандони шабакаҳои барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  хуб ба роҳ монда шуда, онҳо бо либосҳои махсуси корӣ, таҷҳизоти алоқавӣ ва барои навбатдории шабонарӯзияшон бо маҳсулоти хӯрокӣ  ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошанд.

Мутахассисони филиали ҶСК Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гуфтанд, ки барои  таъмини муътадили аҳолии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо барқ дар фасли зимистон дар хатҳои ҳавоии 6/10 кВ сӣ километр ноқилҳои пӯлодӣ ба ноқилҳои алюминӣ иваз карда шуданд. Дар хатҳои 04-6-10 кВ 437 симчӯбҳои корношоям ба симчӯбҳои бетонӣ иваз карда шуданд. Дар хатҳои ҳавоии 6/10 кВ 286 адад ҷудокунакҳои баландшиддат иваз карда шуданд. Ҳамчунин дар хатҳои ҳавоии 04-6-10 кВ 5200 адад ноқилҳои корношоям ва дар зеристгоҳҳои трансформатории 10-04 кВ  ба миқдори 821 адад ҷудокунакҳо иваз карда шуданд.

Ба хотири бе душворӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022  барои мутахассисони шабакаҳои барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, онҳо бо зиёда аз ҳазор ҷуфт либосҳои кории зимистона ва пойафзолҳои корӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин рӯзҳо дар шабакаҳои барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистон муташаккилона идома доранд. Дар ин давра навбатдории шабонарӯзӣ ва бригадаҳои иловагӣ ташкил ва назорат ҷиддӣ карда шудааст, то садамаҳои рухдода сари вақт бартараф гарданд.

АКС аз Шабакаҳои барқи ноҳияи Варзоб

Октябрь 26, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид