Озмуни «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 октябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 намоиш-озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, пас аз баррасии лоиҳаҳои пешниҳодгардида, аз ҷониби комиссия оид ба гузаронидани озмун барои беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ғолибон аз рўи номинаи «Беҳтарин асари меъморӣ: Маҷмуаҳои шаҳрсозӣ» ташкилоти зерин муайян карда шуданд:
-ғолиби ҷойи 1- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»,
-ғолиби ҷойи 2 – Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ»,
-ғолиби ҷойи 3 — КВД «Лоиҳакаш».
Ғолибони озмун аз рўи номинаи «Беҳтарин асари меъморӣ: Бино ва иншоот» ин ташкилот гардиданд:
-ғолиби ҷойи 1 КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз»,
-ғолиби ҷойи 2 — ҶСК «Саноатсоз»,
-ғолиби ҷойи 3 — ҶДММ «Арк Синон».
Дар рӯзи дуюми форум муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода меҳмонони ин форумро хайрамақдам гуфт. Ноиби президенти Иттифоқи меъморони Федератсияи Русия, котиби масъули МАСА, академик И.Воскресенский иброз намуд, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи Байналмилалии Иттифоқҳои меъморон (МАСА) бо овоздиҳии якдилона Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсупов Президенти МАСА интихоб гардид.
Ҳамзамон собиқадорони соҳа ва устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо медали Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Аксҳо аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ










Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






