«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ГУЛРЕЗ» . Таҳти ин ном дар пойтахт озмуни гулҳо доир мегардад

Октябрь 8, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 8.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарғиби зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт, ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор, инчунин сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ озмуни шаҳрии гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, озмуни мазкур дар ду давра баргузор гардида, даври ноҳиявии он то 15 майи соли 2022 баргузор гардида, даври шаҳрии он  то 30 майи соли 2022 бояд ҷамъбаст шавад.

Ғолиби ҷойи якуми озмун бо «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ғолиби ҷойи дуюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7  ҳазор сомонӣ ва ғолиби ҷойи сеюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 8, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад