«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ГУЛРЕЗ» . Таҳти ин ном дар пойтахт озмуни гулҳо доир мегардад
ДУШАНБЕ, 8.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарғиби зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт, ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор, инчунин сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ озмуни шаҳрии гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, озмуни мазкур дар ду давра баргузор гардида, даври ноҳиявии он то 15 майи соли 2022 баргузор гардида, даври шаҳрии он то 30 майи соли 2022 бояд ҷамъбаст шавад.
Ғолиби ҷойи якуми озмун бо «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ғолиби ҷойи дуюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва ғолиби ҷойи сеюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






