ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН, ЭҲЁИ ДУБОРАИ ВАТАН БОШ! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии паланг

Октябрь 23, 2021 11:45

ДУШАНБЕ, 23.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар Форуми байналмилалӣ оид ба масоили вобаста ба ҳифзи паланг дар рӯи Замин таъсис дода шудааст. Дар Тоҷикистон низ ин сана ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки омилҳои босуръат афзудани таъсири инсон ба муҳити зист миқдори намудҳои ҳайвоноте, ки онҳоро хатари маҳвшавӣ таҳдид менамояд, сол аз сол меафзояд. Яке аз намуди ҳайвоноти нодире, ки имрӯз таҳти назорати доимӣ қарор дорад, Бабри барфӣ мебошад. Дар рӯи замин танҳо 12 кишвар дар табиати озод ифтихори доштани бабри барфӣ ё озодапалангро доранд. Тоҷикистон низ дар рӯйхати ин кишварҳо шомил шудааст.

Бабри барфӣ рамзи экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ҳифз ва барқарор намудани саршумори ин намуди ҳайвони нодир аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла,  дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони  Маркази солимгардонии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон идома дорад.

Тавре аз  Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои сохтмони маркази мазкур 10 гектар қитъаи замин дар мавзеи Ҷамантал ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ аз аввали моҳи сентябри соли равон оғоз гардида, то ба имрӯз 20%-и он ба анҷом расонида шудааст.

Маркази солимгардонӣ аз нуқтаи санитарӣ, минтақаи карантинӣ ва манораи мушоҳида барои сайёҳон иборат аст. Муҳлати сохта ва ба истифода додани Маркази солимгардонии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон то соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Мақсади асосии сохтмони маркази солимгардонӣ- ин барқарор намудани саршумори Бабри барфӣ ва табобат намудани онҳо ҳангоми маризӣ мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки дар Тоҷикистон тайи 50 соли охир шикори ин ҳайвони ваҳшӣ манъ аст ва ҳифзу  нигоҳдории он яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад.

Паланг яке аз он ҷонваронест, ки бо таъсири тағйирёбии табиат ва  хусусан  шикори бераҳмонаи инсонҳо ба он хатари нестшавӣ таҳдид дорад. Аз соли 1947 шикори  паланг қатъиян манъ шудааст.

Мутаассифона, дар табиати ваҳшӣ, дар тамоми олам ҳамагӣ на беш аз панҷ ҳазор паланг боқӣ мондааст ва ин миқдор ҳам пайваста коҳиш меёбад. Солҳои охир теъдоди ин ҷонвар 25 баробар кам гардида, имрӯз ба он хатари нестӣ таҳдид дорад. Дар бисёр мавридҳо паланг қурбонии шикорчиён (браконерҳо) мегардад. Ва ин масъала наметавонад инсониятро ба изтироб наорад.

Дар Тоҷикистони мо  бо номи “Бешаи палангон”  мавзее вуҷуд дорад, ки ин номро ба хотири паланги номдораш гирифта буд. Охирин бор палангро дар ин беша соли 1957 дида буданд.

Хушбахтона, як намуди паланги кӯҳӣ, ки бабри барфӣ ё озодапаланг ном бурда мешавад, ҳанӯз дар баландкӯҳҳои  Тоҷикистон маскун аст, ки шумораи он низ башумор мондааст.

Озодапаланг ё бабри барфӣ дар 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон  сукунат дорад. Оид ба стратегияи давлатию миллии Тоҷикистон дар ҳифзи озодапаланг ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ барои ҳимояи ин ҷонвари нодир борҳо гуфта шудааст.

Озодапаланг ҳайвони ваҳшии нодиртарин  маҳсуб шуда,  ба “Китоби сурх”-и ҷаҳонӣ (1963) ва “Китоби сурх”-и Тоҷикистон (1988) дохил гардидааст.  Озодапаланг зеботарин ҷонвари кӯҳӣ шинохтаву эътироф шудааст.  Мавҷуд будани имкони зисти он дар ҳар давлат, аз ҷумла  дар Тоҷикистони биҳиштосои мо нишони поктарин экосистема дар ин сарзамин аст.

Бояд бо қаноатмандӣ гуфт, ки ҳимояи озодапаланг дар  Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва мардуме, ки наздик ба  ҳудуди зисти ин ҷонвари нодир сукунат доранд,  қарор гирифтааст.

Хушбахтона, озодапаланг имрӯз дар Тоҷикистон рамзи ифтихори миллӣ гардидааст.

Чакомаи шоир ва публисист, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО, ки дар зер пешниҳоди хонандагон мегардад,  ба озодапаланг бахшида шудааст.

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН

Озодапаланги Тоҷикистон, эҳёи дубораи Ватан бош!

Дар қуллаи кӯҳҳои Помир бархезу дубора гомзан бош!

Озодапаланги Тоҷикистон, эй рамзи виқору нанги меҳан,

Хоҳам хезад зи гомҳоят оҳанги навои санги меҳан.

Эҳёи дубораат бихоҳам, баргард чу ҳуши кӯҳсорон,

Бе ту на шукӯҳу не виқор аст, эй шоҳи вуҳуши кӯҳсорон.

Озодагӣ суннатест дерин, к-аз суннати неки тоҷикон аст,

Озодапаланги Тоҷикистон дар рамз яке намои он аст.

Озодагии Ватан ҳувайдост дар манзараҳои дилситонаш,

Дар чашмаю обшори покаш, дар дидаи сабзи оҳувонаш.

Озодагии ватан ҳувайдост дар мурғи ҳилолу кабки сураш,

Дар зиндагии ҳалолу поки мардони баору пурсабураш.

Озодапаланг аз он биноманд, к-озода ба сар барад ҳаёташ,

Покизаамал бувад ба ҳар кор, аз суннати мост илтифоташ.

Озодапаланг аз он биноманд, к-озодагияш ҳаме аён аст,

Дар нисбати одамин ҳамеша озод зи кинаву зиён аст.

Озодапаланг — бабри барфӣ, як пайкара рамзи шанги мо бош,

Тандеси шуҷоату ниёиш дар қуллаи кӯҳу санги мо бош!

Имрӯз ту рамзи кӯҳсорӣ, рамзи хирадию бурдборӣ,

З-ин рӯй ҳамеша бош подор, чун ҳуҷҷати ифтихор дорӣ.

Озодии миллате ба рамзат имрӯз ба сад намо ҳувайдост,

Озода бимону озарогин, к-ин суннати халқу миллати мост!

АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2021 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад