ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2021 07:00

05.10.2021

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегӯям.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд.

Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.

Аз 5 октябри соли 2009, яъне бо қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушду такомул ворид шуд.

Зеро қонуни мазкур бо дарназардошти ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи мо дар асри XXI, инчунин, ба хотири арҷгузориву посдории боз ҳам бештари забони тоҷикӣ таҳияву тасдиқ гардида, то имрӯз дар пешбурди сиёсати давлати навини тоҷикон нақши муҳим бозида истодааст.

Ҳукумати Тоҷикистон, дар баробари ин, пайваста тадбирҳои иловагиеро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.

Аз ҷумла, 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.

Барномаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян карда, мо соҳибзабононро вазифадор менамояд, ки содиқона ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ аз пайи иҷрои масъалаҳои дар он пешбинишуда бошем.

Дар робита ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.

Забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори мо тоҷикон аст.

Аз ин рӯ, мо забони модарии худро дӯст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад.

Донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлати худ, яъне тоҷикӣ донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.

Дар робита ба ин, ман борҳо таъкид кардаам, ки забономӯзӣ бояд дар доира ва заминаи забони тоҷикӣ, яъне бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи хусусиятҳои он ҷараён гирад.

Ман қариб дар ҳамаи суханрониву вохӯриҳои худ таъкид месозам, ки бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад.

Бинобар ин, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад.

Яъне забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад.

Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мо – насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем.

Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба тамоми ҳамватанони гиромӣ самимона табрик гуфта, итминони комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти Тоҷикистони азиз тамоми саъю талоши худро барои минбаъд низ рушду инкишоф ёфтани забони давлатӣ равона хоҳад кард.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Октябрь 5, 2021 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд