Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Октябрь 5, 2021 13:15

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия муҳтарам Валентина Матвиенко доир гардид.

Роҳбари Палатаи болии парламенти Русия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва муваффақиятҳои минбаъда дар мансаби олии давлатӣ Пешвои миллатро бо зодрӯзашон табрик намуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои пешбурди минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии байни кишварҳоямон нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари давлати мо ба Валентина Матвиенко барои табрикот арзи сипос намуда, изҳори боварӣ карданд, ки тамоми маҷмуи муносибатҳои байни Тоҷикистону Русия минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар рушд хоҳанд ёфт.

Октябрь 5, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид