Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар Қароргоҳи ЮНЕСКО Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд, иттилоъ дод сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Мирзоолим Саидов ба АМИТ «Ховар».
Дар ин рӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки 80 нафар ҳунармандон доир мешавад.
Дар барномаи фарҳангӣ суруду оҳангҳои тоҷикӣ, фаронсавӣ ва италиявӣ, инчунин рақсҳои миллии тоҷикӣ пешниҳод мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 ба узвияти созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пазируфта шуда, худи ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд. 10 октябри соли 2005 дар қароргоҳи ЮНЕСКО — шаҳри Париж 33-юмин Конфронси Генералии ЮНЕСКО доир шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Дар ҷараёни он Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бо иштироки васеи намояндагони санъати тоҷик баргузор гардид.
АКС аз манбаи боз








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






