Русия ба мактабҳои деҳоти Тоҷикистон орд ва равғани растанӣ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид 1485 тонна орди гандуми витаминдор ва 61 тонна равғани растаниро ба мактабҳои деҳоти навоҳии тобеи ҷумҳурӣ — аз ҷумла, ба вилояти Хатлон ва ВМКБ тақдим намуданд. Дар ин бора сардори Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар маросими тақдими кумакҳо муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Намоянда ва Директори кишварии Созмони ҷаҳонии озуқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам иштирок намуданд.
Кумакҳои башардӯстона бо маблағҳои Русия харидорӣ шуда, барои таҳкими амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон барои соли 2021 бо маблағи 5 миллион доллар ҷудо гардида, дар чаҳорчӯби амалисозии Ёддошти тафоҳум миёни Созмони ҷаҳонии ғизо ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия роҳандозӣ гардидаанд.
«Аз соли 2013 Русия барои иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон беш аз 80 миллион доллар ҷудо кардааст. Чунин маблағ тасдиқи возеҳи шарикӣ ва иттифоқи стратегист, ки Русия ва Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад», — гуфт Игор Лякин-Фролов.
Аксҳо аз Сафорати Русия дар Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд






