Сафир соҳибкорону сармоягузорони туркро барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон даъват намуд

Октябрь 5, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Туркия Четин Алӣ Донмез баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории иқтисодӣ, алалхусус дар соҳаи саноат ва танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ табодули назар намудаанд.

Зикр гардид, ки миёни ду кишвар иқтидори зиёд ҷиҳати рушди ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ мавҷуд мебошад ва дар робита ба ин аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони туркӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории авлавиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо суҳбати судманд барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ сурат гирифт.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 5, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи гумрук баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Иттиҳодияи палатаҳои савдо ва саноати Олмон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Фиристодаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба об мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо ректори Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Миср мулоқот намуд
Аввалин машваратҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Миср баргузор гардиданд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия мулоқот намуд
Дар Душанбе раванди татбиқи санаду барномаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Масъалаи ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайрирасмии Кумитаи ҳамоҳангсози Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд