Сафири навтаъйини Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Душанбе омад

Октябрь 16, 2021 09:31

ДУШАНБЕ, 16.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр Сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс нусхаи эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи  ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.

Ҳамсуҳбатон ҳамчунин мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тадорукот ба Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим COP26 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ карданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

 

Октябрь 16, 2021 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд