Сафири Тоҷикистон бо Вазири неруи Эрон мулоқот намуд

Октябрь 18, 2021 13:52

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон Алиакбари Меҳробиён доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла пайгирии тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (17- 18 сентябри 2021) ҳосилшуда ва ҷараёни иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон (7-8 июни 2021, Душанбе) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо зарурати истифода аз имконот ва зарфияти мавҷударо барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун таъкид карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 18, 2021 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид