ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, ҷумъа, 274-умин рӯзи соли 2021 аст
1 октябри соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
***
12 сол пеш, 1 октябри соли 2009 дар шаҳри Норак Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак» — ро расман ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистон ва Россия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Россия дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.
1 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии пиронсолон.
***
Рӯзи байналмилалии меъморӣ.
***
Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.
***
Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.
РӮЙДОДҲО:
1 октябри соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.
***
1 октябри соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.
***
5 сол пеш, 1 октябри соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгари тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар рейтинги ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии самбо мақоми дуюм касб намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.
***
131 сол муқаддам, 1 октябри соли 1891 дар Франсия клуби футболи «Бордо» ташкил ёфт.
***
1 октябри соли 2001 суди болоии ИМА муваққатан Бил Клинтон (собиқ президенти ИМА)-ро аз машғул шудан ба корҳои юридикӣ манъ намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.
***
Соли 1869 дар Вена бори аввал дар ҷаҳон руқъаи почтавӣ бо тамға нашр гардид.