ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, якшанбе, 304 — умин рӯзи соли 2021 аст
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2022/10/Takvim-Tochiki-2.jpg)
31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингард миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини (собиқ Шӯроободи) вилояти Хатлон сафар карданд.
***
8 сол пеш, 31 октябри соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф оварданд.
31 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.
***
Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.
***
Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.
РӮЙДОДҲО:
31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 ва Вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистон ва Афғонистон оғоз бахшиданд.
***
31 октябри соли 2011 дар шаҳри Париж масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.
***
9 сол пеш, 31 октябри соли 2012 Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
***
31 октябри соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ мавриди амал қарор гирифт.
***
31 октябри соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфуси аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ «Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс»-ро ба нашр расонд.
***
Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии «Экспо-1906» дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.