ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, якшанбе, 304 — умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 31, 2021 08:00

31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингард миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини (собиқ Шӯроободи) вилояти Хатлон сафар карданд.

***

8 сол пеш, 31 октябри соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф оварданд.

31 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.

***

Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.

***

Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.

РӮЙДОДҲО:

31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 ва Вазири  вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистон ва Афғонистон оғоз бахшиданд.

***

31 октябри соли  2011 дар шаҳри Париж масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.

***

9 сол пеш, 31 октябри соли 2012 Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

***

31 октябри соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ  мавриди амал қарор гирифт.

***

31 октябри соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфуси аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ «Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс»-ро ба нашр расонд.

***

Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии «Экспо-1906» дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.

Октябрь 31, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст