Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, мудофиа ва амният, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ, ки 18-21 октябр дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Дар кори ҷаласаи мазкур, аз ҷумла раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода, раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, вакилон Мавлудахон Мирзозода, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Сарвиноз Маҷидова, Толибхон Азимзода, Фозил Обидзода ва Зоир Раҳмонзода иштирок карданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ- «Дар бораи ғалла», «Дар бораи низоми ҳуқуқии ҳудудҳое, ки ба олудашавии радиоактивӣ дучор шудаанд», «Дар бораи бехатарии экологӣ» (нашри нав), «Дар бораи дастрасӣ ба иттилооти экологӣ» (нашри нав), «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» (нашри нав), «Дар бораи минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» (нашри нав), «Дар бораи фондҳои экологӣ», «Дар бораи занбӯрпарварӣ», «Дар бораи кишоварзии органикӣ» ва лоиҳаи консепсияи қонуни намунавӣ «Дар бораи арзёбии таъсири эҳтимолии фаъолияти истихроҷи маъдан ба саломатии аҳолии ҳамсояҳо» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои комиссия дар бораи натиҷаҳои Конгресси нуҳуми байналмилалии экологии Нева, оид ба таҳияи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология ва истифодаи санадҳои намунавии қонунгузорӣ, ки аз ҷониби кишвар қабул шудаанд, маълумоти мукаммалро шуниданд.
Вакилони Парлумон ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои марбут ба дастгирии молиявии фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ -ро баррасӣ карданд. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба маблағгузории ҷории фаъолияти АБ ИДМ, ташаккул ва иҷрои буҷети Ассамблеяи байнипарлумонӣ муҳокима шуданд.
Иштироккунандагони ҷаласа инчунин рафти омодасозии барномаи нави Тавсияҳо барои нозирони байналмилалӣ аз ИДМ оид ба назорати интихобот ва раъйпурсиро баррасӣ карданд.
Дар кори иҷлосияи ҳабдаҳуми Ассамблеяи Байнипарлумонии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуд. Чорабинӣ дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид ва дар кори ин иҷлосия намояндагони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуданд. Иштирокдорони ҷаласа ҳисоботро дар бораи фаъолияти ташкилот дар соли 2020 шунида, ҳамоҳангсози нави Ассамблеяи Байнипарлумонии ҷавононро интихоб намуданд. Раёсати Ассамблеяи Байнипарлумонии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаронида шуд. Вакилони парлумони ҷавони кишварҳои Иттиҳод ҳамчунин вазъи кунунӣ ва самтҳои асосии рушди туризми ҷавонон дар кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ намуданд.
Иштирокчиёни кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ дар шаклҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешаванд.
Дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.
АКС: МНМО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






